Дар маълумоти моҳи январи Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) таҳти унвони «Гузориши иқтисоди Тоҷикистон» қайд мешавад, ки саноати истихроҷ ва сохтмон эҳтимол ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон мусоидат кунанд.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки соли гузашта сохтмон муҳаррики асосии рушди иқтисод шуда, нисбат ба соли гузашта нишондиҳандаҳо дар он 21,2% афзуданд.
Зикр мегардад, ки соли 2015 истеҳсолоти саноатӣ 11,2% афзуд, ки ба ин пеш аз ҳама бахши истихроҷ мусоидат намуд. «Аз ҷониби дигар, дар натиҷаи кам шудани даромади воқеъии хонаводаҳо, бахшҳои марбут ба истеъмол имсол метавонанд ба поинравии истеҳсолот дучор шаванд», – гуфта мешавад дар гузориш.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2015 ҳиссаи сохтмон дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 11,8%-ро ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 1,8% зиёд шудааст.
Ҳиссаи саноат бо шумули электроэнергия дар сохтори ММД 12,8%-ро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин 0,8% афзудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон имсол ният дорад, ки ба рушди иқтисодӣ дар сатҳи 7% ноил гардад, лекин коршиносони ниҳодҳои пешрафтаи байнулмилалӣ на он қадр бо чунин пешгӯӣҳо мувофиқанд.
Ҳамин тариқ, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли равонро Бонки ҷаҳонӣ дар сатҳи – 4,8%, Бонки аврупоии таҷдиду рушд – 4,5%, Бонки осиёгии рушд – 4,2% ва Хазинаи байнулмилалии асъор – ҳамагӣ 3,4% пешгӯӣ мекунанд.



