Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбарони ноҳияҳои пойтахт ва корхонаву ташкилотҳои дахлдори шаҳр барои ба истироҳати тобистонаи хонандагон омодакунии лагерҳои кӯдаконаи солимгардонии берун аз шаҳр ва лагерҳои назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ уҳдадор карда шуданд.
Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, лагерҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар тавозуни Раёсати маорифи пойтахт қарор доранд, то 15 май бояд ба қабули кӯдакон омода карда шаванд.
«Дар лагерҳои зикршуда мавсими тобистон дар ду баст беш аз 1 ҳазору 600 нафар аълочиёни хониш ва тарбиятгирандагони интернатҳои пойтахт ба истироҳат фаро гирифта мешаванд», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар 36 лагери истироҳат, ки мавсими таътили тобистона дар назди мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ташкил карда мешаванд, дар ду баст 4 ҳазору 400 нафар кӯдакон истироҳат мекунанд.



