Мулло Абдураҳим ё худ Абдураҳим Каримов, яке аз муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, ки феълан фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ аст ва яке фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, собиқ сардори Хадамоти гумрук ва сипас муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар меҳмони маҳфили навбатии фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» мешавад.
Маҳфили мазкур бо иштироки Мулло Абдураҳим санаи 25 феврал соати 16-30 дар маҷмааи савдои «Пойтахт» доир мегардад.
Мулло Абдураҳим, ки имрӯз ба ҳайси декани факултаи филологияи шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон фаъолият дорад, ба саволҳои иштирокчиёни маҳфил дар мавзӯи рӯйдодҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон, сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва омилҳои асосии он посух хоҳад гуфт.
Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ходимони дин, ки 4 июли соли 2013 дар Душанбе доир гардид, Мулло Абдураҳим изҳор дошт, ки сабабгори асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҲНИТ ва раҳбарияти он мебошанд. Он замон ӯ аз ҳукуматдорон дархост кард, ки фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шавад.
«Маро бубахшед, ки яке аз муассисони ҲНИТ будам, дигар ба иштибоҳҳое, ки ман роҳ додам, шумо дубора роҳ надиҳед». – қайд карда буд ӯ.





