Ҷашни Рӯзи Артиши миллӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон

Иттилоияи расмӣ



Дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон ба муносибати таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни тоҷики Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев ва донишҷӯёни дигар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ, Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 23-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон қироат шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон З. Саидов аз нақш ва таърихи таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи кишвар суханронӣ намуда, нақши онро дар ҳифзи амнияту осоиши мардум ва суботи кишвари соҳибистиқлол, тақвияти давлатдории миллӣ, рушди ҷомеъа ва ваҳдати миллӣ таъкид дошт.

Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ ба таваҷҷӯҳи ҳозирин вобаста ба баргузории райъпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид.

Сафир изҳори эътимод намуд, ки иштирокчиёни чорабинии мазкур, бавижа донишҷӯёни Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев ба савганди ҳарбӣ содиқ буда, минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро дар назди Ватан ва халқу давлат бо ифтихор адо мекунанд ва тамоми донишу маҳорату малаккаи хешро баҳри ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ равона месозанд.

Дар охир, бахшида ба ин рӯз иштирокчиёни чорабинӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. 

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...