Ҷашни Рӯзи Артиши миллӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон

Дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон ба муносибати таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни тоҷики Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев ва донишҷӯёни дигар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ, Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 23-юмин солгарди […]



Дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон ба муносибати таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни тоҷики Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев ва донишҷӯёни дигар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ, Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 23-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон қироат шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон З. Саидов аз нақш ва таърихи таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи кишвар суханронӣ намуда, нақши онро дар ҳифзи амнияту осоиши мардум ва суботи кишвари соҳибистиқлол, тақвияти давлатдории миллӣ, рушди ҷомеъа ва ваҳдати миллӣ таъкид дошт.

Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ ба таваҷҷӯҳи ҳозирин вобаста ба баргузории райъпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид.

Сафир изҳори эътимод намуд, ки иштирокчиёни чорабинии мазкур, бавижа донишҷӯёни Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиев ба савганди ҳарбӣ содиқ буда, минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро дар назди Ватан ва халқу давлат бо ифтихор адо мекунанд ва тамоми донишу маҳорату малаккаи хешро баҳри ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ равона месозанд.

Дар охир, бахшида ба ин рӯз иштирокчиёни чорабинӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".