Прокуратураи Панҷакент истифодаи шиканҷа нисбати роҳбари дорухонаро рад мекунад

Замон Забуров, раиси дорухонаи «Мадад» -и шаҳри Панҷакент дар натиҷаи азобу шиканҷаи муфаттиши прокуратураи шаҳр даст ба худкушӣ задааст. Тавре як манбаъи боэътимод аз мақомоти шаҳри Панҷакент ба нашрияи Faraj.tj иттилоъ додааст, дирӯз дар пайи кушта шудани як корманди дорухонаи «Мадад» Замон Забурови 51-соларо, ки раҳбари ин дорухона аст, муфаттиши прокуратура Абдуғафор Ниёзбадалов барои бозпурсӣ […]

ASIA-Plus



Замон Забуров, раиси дорухонаи «Мадад» -и шаҳри Панҷакент дар натиҷаи азобу шиканҷаи муфаттиши прокуратураи шаҳр даст ба худкушӣ задааст.

Тавре як манбаъи боэътимод аз мақомоти шаҳри Панҷакент ба

нашрияи Faraj.tj

иттилоъ додааст, дирӯз дар пайи кушта шудани як корманди дорухонаи «Мадад» Замон Забурови 51-соларо, ки раҳбари ин дорухона аст, муфаттиши прокуратура Абдуғафор Ниёзбадалов барои бозпурсӣ ба прокуратураи шаҳр даъват кардааст.

Гуфта мешавад, муфаттиш А.Ниёзбадалов соҳибкор Замон Забуровро бе протокол барои боздошт аз соати 7-и субҳ то 12-и шаби 22-уми феврал дар прокуратура нигоҳ дошта, ӯро мавриди азобу шиканҷа қарор додааст, то гуноҳи кушта шудани кормандашро ба гардан гирад: «Вале, Забуров гуноҳро ба гардан нагирифтааст».

Манбаъ гуфтааст, худи ҳамон шаб муфаттиш Ниёзбадалов як кормандашро муваззаф кардааст, то Забуровро нигоҳдорӣ кунад.

«Зертобеи муфаттиш бошад, Забуровро аз сабаби сард будани ҳаво то субҳ дар дохили мошинаш посбонӣ мекунад ва субҳ ӯро ҷониби прокуратура равон мекунад, вале Забуров ба прокуратура нарафта ба зодгоҳаш деҳаи Панҷрӯд меравад ва дар онҷо даст ба худкушӣ мезанад», – илова кардааст манбаъ.

Ёдрас мешавад, ки шаби 15-уми ҳамин моҳ Раҷаб Тоштемиров, корманди дорухонаи «Мадад»-ро афроди номаълум бо 11-12 забари корд ба ҳалокат расонида буданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти прокуратураи шаҳри Панҷакент хабари аз ҷониби муфаттиши ин ниҳод гӯё мавриди шиканҷа карор додани Замон Забуровро баъди як ташхиси вежа

рад намуда

, онро ба таври дигар шарҳ додаанд.

Дар мавриди ин қазия Радиои Озодӣ

менависад

, як ҳафта пеш як фурӯшандаи ин дорухона бо 11 зарби корд аз тарафи афроди ношинос ба қатл расида буд. Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии Панҷакент ҳам гуфтааст, шояд марги раҳбари дорухона бо ҳодисаи марги фурӯшандааш Маҳмадраҷаб Тоштемирови 55-сола рабт дошта бошад, вале то анҷоми тафишот шарҳе дода намешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.