Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз ноҳияи Ҳисор боздид намуда, ба бунёди боғҳои нав дар ин ноҳия ҳусни оғоз мебахшад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни сафари кории сарвари давлат ба ноҳияи Ҳисор вохӯрӣ ва мулоқотҳои ӯ бо аҳолии маҳаллӣ дар назар буда, ҳамчунин президенти мамлакат бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия аз наздик ошно мегардад.
Қобили зикр аст, ки аз субҳи имрӯз дар роҳи мошингарди Душанбе – Ҳисор, ки қатораи автомашинаҳои сарвари давлат тариқи он мегузарад, тадбирҳои пурзӯри амниятӣ андешида шудаанд.





