Ҳузури сафири ИМА дар маросими оғози барномаи омӯзишии таъмини амният дар марзҳо

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард дар маросими оғози Барномаи омӯзишии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба таҳлил ва идоракунии хавфҳо, ки 22-уми феврали соли ҷорӣ дар Коллеҷи сарҳадии САҲА барои ҳайати роҳбарикунанда баргузор гардид, иштирок кард. Сафорати ИМА аз он ифтихор дорад, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи назорати содирот ва амнияти марзҳо (EXBS) […]

Иттилоияи расмӣ



Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард дар маросими оғози Барномаи омӯзишии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба таҳлил ва идоракунии хавфҳо, ки 22-уми феврали соли ҷорӣ дар Коллеҷи сарҳадии САҲА барои ҳайати роҳбарикунанда баргузор гардид, иштирок кард.

Сафорати ИМА аз он ифтихор дорад, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи назорати содирот ва амнияти марзҳо (EXBS) барномаи омӯзишии мазкурро бо мақсади ҷамъ овардани кормандони хадамоти гумрукӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон маблағгузорӣ менамояд. Мусоидат ба таҳкими муносибатҳои устувори минтақавӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ-ҳадафи асосии намояндагии ИМА мебошад. Сафир Миллард ба роҳбарияти Коллеҷи сарҳадии САҲА барои доир намудани барномаи омӯзишии мазкур ва чаҳор омӯзишҳои иловагии дигар, ки барои кормандони хадамоти гумрукии ин кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудаанд, арзи сипос намуд.

Барномаи назорати содирот ва амнияти марзҳо ба давлатҳои шарик дар тақвият додани иқтидори онҳо ҷиҳати ошкор намудан, боз доштан, тафтиш кардан ва таъқиби судии қочоқи Яроқу аслиҳаи маҳви омма (ЯАМО), ашёҳои марбут ба он ва яроқу аслиҳаи оддӣ мусоидат мекунад. Сафорати ИМА ҷонибдории хешро аз Ҳукумати Тоҷикистон тавассути ҳамкориҳо миёни вазорату идораҳои ИМА ҷиҳати таъмин намудани таҷҳизоти муосир, доир намудани барномаҳои омӯзишӣ ва такмили инфрасохтор идома хоҳад дод.

Омӯзиши мазкур яке аз барномаҳои зиёди кӯмакрасони Сафорати ИМА дар Душанбе мебошад, ки аз номи мардуми ИМА дар Тоҷикистон амалӣ мегардад. Аз соли 1992 то ин ҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳои кӯмакрасон ҷиҳати дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, амният ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.