Замон Забуров, раиси дорухонаи «Мадад» -и шаҳри Панҷакент дар натиҷаи азобу шиканҷаи муфаттиши прокуратураи шаҳр даст ба худкушӣ задааст.
Тавре як манбаъи боэътимод аз мақомоти шаҳри Панҷакент ба
нашрияи Faraj.tj
иттилоъ додааст, дирӯз дар пайи кушта шудани як корманди дорухонаи «Мадад» Замон Забурови 51-соларо, ки раҳбари ин дорухона аст, муфаттиши прокуратура Абдуғафор Ниёзбадалов барои бозпурсӣ ба прокуратураи шаҳр даъват кардааст.
Гуфта мешавад, муфаттиш А.Ниёзбадалов соҳибкор Замон Забуровро бе протокол барои боздошт аз соати 7-и субҳ то 12-и шаби 22-уми феврал дар прокуратура нигоҳ дошта, ӯро мавриди азобу шиканҷа қарор додааст, то гуноҳи кушта шудани кормандашро ба гардан гирад: «Вале, Забуров гуноҳро ба гардан нагирифтааст».
Манбаъ гуфтааст, худи ҳамон шаб муфаттиш Ниёзбадалов як кормандашро муваззаф кардааст, то Забуровро нигоҳдорӣ кунад.
«Зертобеи муфаттиш бошад, Забуровро аз сабаби сард будани ҳаво то субҳ дар дохили мошинаш посбонӣ мекунад ва субҳ ӯро ҷониби прокуратура равон мекунад, вале Забуров ба прокуратура нарафта ба зодгоҳаш деҳаи Панҷрӯд меравад ва дар онҷо даст ба худкушӣ мезанад», – илова кардааст манбаъ.
Ёдрас мешавад, ки шаби 15-уми ҳамин моҳ Раҷаб Тоштемиров, корманди дорухонаи «Мадад»-ро афроди номаълум бо 11-12 забари корд ба ҳалокат расонида буданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти прокуратураи шаҳри Панҷакент хабари аз ҷониби муфаттиши ин ниҳод гӯё мавриди шиканҷа карор додани Замон Забуровро баъди як ташхиси вежа
рад намуда
, онро ба таври дигар шарҳ додаанд.
Дар мавриди ин қазия Радиои Озодӣ
менависад
, як ҳафта пеш як фурӯшандаи ин дорухона бо 11 зарби корд аз тарафи афроди ношинос ба қатл расида буд. Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии Панҷакент ҳам гуфтааст, шояд марги раҳбари дорухона бо ҳодисаи марги фурӯшандааш Маҳмадраҷаб Тоштемирови 55-сола рабт дошта бошад, вале то анҷоми тафишот шарҳе дода намешавад.





