Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 феврал қарор дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон»-ро ба имзо расонид.
Дар
қарори ҳукумат
, ки дар сомонаи расмии сарвари давлат интишор шудааст, дар ин робита зикр мегардад, ки ин қарор бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ қабул шудааст.
Дар қарор Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба ҳалли масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии МД «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» вазифадор карда мешавад.
Тибқи қарори ҳукумат, бино ва иншооти МД «Донишгоҳи давлатии Данғара», воқеъ дар ноҳияи Данғара, кӯчаи Исмат Шарифов-3, ба тавозуни МД «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» гузаронида мешавад.
Дар
шарҳи ин қарори ҳукумат
, ки дар сомонаи расмии сарвари давлат интишор шудааст, зикр мегардад, ки таҳлили вазъи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки норасоии табибони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва ба хусус дар вилояти Хатлон, ки аҳолияш ба зиёда аз 3,5 миллион нафар расидааст, яке аз мушкилоти асоситарини ин соҳаи кишвар ба шумор меравад.
Гуфта мешавад, бино ба маълумоти оморӣ, ҳар сол Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро қариб 1200 нафар мутахассис хатм мекунанд. Аз 100 то 150 нафари дигар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии хориҷи кишвар соҳиби дипломҳои ин соҳа мегарданд, вале ин шумора талаботи рӯзафзуни кишварро ба табибони баландихтисос қонеъ карда наметавонад.
Зимнан зикр мегардад, ки гузашта аз ин, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 2,5% афзоиш ёфта, аз ин сабаб, ҳоло ба ҳар 10 ҳазор нафари аҳолии Тоҷикистон 21 табиб рост меояд, ки ин хеле каму нокифоя аст.
«Маҳз норасоӣ ва шумораи аз ҳама ками табибони касбӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро водор намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон”-ро дар ин сераҳолитарин вилояти ҷумҳурӣ таъсис диҳад», – омадааст дар шарҳи қарор.
Хотиррасон мешавад, ки заминаи моддию техникӣ барои фаъолияти муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” муайяну омода шудааст ва худи ҳамин сол ин муассиса ба қабули донишҷӯён шуруъ хоҳад кард.
Бо фармони худ аз 25 феврал, президенти мамлакат Қурбон Убайдулло Абдуллоро бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино озод карда, ӯро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъин кард. Ректори нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ таъин шудааст.



