Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25 феврал Сулаймонзода Акрам Раҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод карда шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони дигари президент Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон таъин карда шуд.
Ҳамчунин тибқи фармонҳои президенти мамлакат, Хоҷазода Ориф Ашурӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод ва акнун собиқ раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сулаймонзода Акрам Раҳим иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин карда шуд.



