Ҷаримаи масъулони наваскари бемори вазнинро ба хизмат коршоям шумурда

ASIA-Plus



Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе раиси комиссияи тиббии даъвати комисариати ҳарбии ноҳияи Сино ва табиби ин комиссияро, ки барои ба хизмати ҳарбӣ коршоям шумурдани наваскари гурдаҳояш дардманд Эмомиддин Холов айбдор карда мешаванд, ҷарима кард. Онҳо Э.Холовро моҳи апрели соли 2015 тариқи маҷбурӣ (облава) дар пойтахт боздошта, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда буданд.

Адвокат Дилшод Ҷӯраев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, раиси комиссияи тиббии комиссариати ҳарбии ноҳия Абдукарим Толибов ва табиби ин комиссия Матлуба Самадова мутобиқи моддаи 322 КҶ ҶТ (Хунукназарӣ)  гунаҳкор эътироф гардида, дар ҳаҷми 4,8 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Ғайр аз ин, роҳбари зершуъбаи комиссариати ҳарбӣ Алло Аллохӯҷаев ва ёвари комисари ҳарбии ноҳияи Сино Муродалӣ Сафаров низ мутобиқи моддаҳои 323 (Сохтакории хизматӣ) ва 391 (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият)-и КҶ айбдор дониста шуда, ҳар кадоме ба маблағи 10,4 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Алло Аллохӯҷаев аз вазифааш озод карда шуда, раиси комиссияи тиббӣ Абдукарим Толибов ва табиб Матлуба Самадова ҳамчунин ба муддати ду сол аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ маҳрум карда шудаанд.

Нимаи моҳи феврал

дар ин робита иттилоъ дода будем

, ки парванда нисбати Абдукарим Толибов, раиси комиссияи тиббии даъвати комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ва Матлуба Самадова, табиби ин комиссия ба суд фиристода шудааст.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...