Ҷаримаи масъулони наваскари бемори вазнинро ба хизмат коршоям шумурда

Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе раиси комиссияи тиббии даъвати комисариати ҳарбии ноҳияи Сино ва табиби ин комиссияро, ки барои ба хизмати ҳарбӣ коршоям шумурдани наваскари гурдаҳояш дардманд Эмомиддин Холов айбдор карда мешаванд, ҷарима кард. Онҳо Э.Холовро моҳи апрели соли 2015 тариқи маҷбурӣ (облава) дар пойтахт боздошта, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда буданд. Адвокат Дилшод Ҷӯраев […]



Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе раиси комиссияи тиббии даъвати комисариати ҳарбии ноҳияи Сино ва табиби ин комиссияро, ки барои ба хизмати ҳарбӣ коршоям шумурдани наваскари гурдаҳояш дардманд Эмомиддин Холов айбдор карда мешаванд, ҷарима кард. Онҳо Э.Холовро моҳи апрели соли 2015 тариқи маҷбурӣ (облава) дар пойтахт боздошта, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда буданд.

Адвокат Дилшод Ҷӯраев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, раиси комиссияи тиббии комиссариати ҳарбии ноҳия Абдукарим Толибов ва табиби ин комиссия Матлуба Самадова мутобиқи моддаи 322 КҶ ҶТ (Хунукназарӣ)  гунаҳкор эътироф гардида, дар ҳаҷми 4,8 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Ғайр аз ин, роҳбари зершуъбаи комиссариати ҳарбӣ Алло Аллохӯҷаев ва ёвари комисари ҳарбии ноҳияи Сино Муродалӣ Сафаров низ мутобиқи моддаҳои 323 (Сохтакории хизматӣ) ва 391 (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият)-и КҶ айбдор дониста шуда, ҳар кадоме ба маблағи 10,4 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Алло Аллохӯҷаев аз вазифааш озод карда шуда, раиси комиссияи тиббӣ Абдукарим Толибов ва табиб Матлуба Самадова ҳамчунин ба муддати ду сол аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти тиббӣ маҳрум карда шудаанд.

Нимаи моҳи феврал

дар ин робита иттилоъ дода будем

, ки парванда нисбати Абдукарим Толибов, раиси комиссияи тиббии даъвати комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ва Матлуба Самадова, табиби ин комиссия ба суд фиристода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.