Рейтинги нави ФИФА: Тоҷикистон дар зинаи 148-ум

Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон ду зина поин рафта, бо 193 имтиёз зинаи 150-умро ишғол мекунад. Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 26-ум қарор дорад. Мақоми ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар […]



Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон ду зина поин рафта, бо 193 имтиёз зинаи 150-умро ишғол мекунад.

Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 26-ум қарор дорад. Мақоми ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳ чунин  аст: Австралия – зинаи 67-ум (506 имтиёз), Урдун – 82-юм (414 имтиёз), Қирғизистон – 105-ум (324 имтиёз) ва Бангладеш – 177-ум (100 имтиёз).

Бозиҳои хотимавии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи «В» санаи 24 март

дар меҳмонӣ бо тими Австралия

ва ва 29 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо дастаи Қирғизистон баргузор мешаванд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад. Натиҷаи пасттарин соли 2003 бо касби зинаи 180-ум ба қайд гирифта шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.