Президент ба фаъолияти маркази бузурги тиббӣ дар пойтахт ҳусни оғоз мебахшад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба фаъолияти Маркази бузурги тиббии «Пойтахт-90» дар шаҳри Душанбе ҳусни оғоз мебахшад. Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, маркази тиббии «Пойтахт-90» дар майдони 104 ҳазор метри мураббаъ, дар паҳлӯи Маркази ташхиси воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев ҷойгир шудааст. Тибқи лоиҳа, марказ аз […]



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба фаъолияти Маркази бузурги тиббии «Пойтахт-90» дар шаҳри Душанбе ҳусни оғоз мебахшад.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, маркази тиббии «Пойтахт-90» дар майдони 104 ҳазор метри мураббаъ, дар паҳлӯи Маркази ташхиси воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев ҷойгир шудааст. Тибқи лоиҳа, марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст. Барои сохтмони Маркази тиббии «Пойтахт-90» аз буҷети пойтахт 706 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

6 сентябри соли 2011

бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони шифохонаи шаҳрии бисёрсоҳа бо 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар ниёзмандон дар як баст оғоз бахшида буд.

Тавре зикр гардида буд, шифохонаи бисёрсоҳаи шаҳрӣ ва дармонгоҳ дар майдони зиёда аз 8 га бо тамоми шароити муосири ташхис, муоина ва муолиҷаи беморони гуногун бунёд хоҳад ёфт. Дар ин ду иншоот беш аз 600 нафар кормандони соҳаи тиб ба кор ҷалб хоҳанд шуд.

Сарвари давлат ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоти масъул дастур дода буд, ки дар паҳлўи шифохонаи шаҳрӣ ва дармонгоҳ, ки дар миёни Маркази ҷумҳуриявии ташхисӣ ва бозори Султони Кабир бунёд меёбад, ҳамчунин як осоишгоҳи хуб сохта, ба ниёзмандон пешкаш намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.