Аксияи «Баҳор» аз ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ

Аз 1 март бо фарорасии фасли баҳор Ташкилоти амонатии қарзии хурди ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ аксияи «Баҳор»-ро роҳандозӣ намуд. Аксияи мазкур бо он ҷолиб аст, ки барои дастрасии қарз аз замони пур кардани дархост ва пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳамагӣ як рӯз кофист ва ҳамчунин бо арзи миллӣ – сомонӣ меъёрҳои фоизи фоиданок пешниҳод мегарданд. Ҳадаф аз […]



Аз 1 март бо фарорасии фасли баҳор Ташкилоти амонатии қарзии хурди ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ аксияи «Баҳор»-ро роҳандозӣ намуд. Аксияи мазкур бо он ҷолиб аст, ки барои дастрасии қарз аз замони пур кардани дархост ва пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳамагӣ як рӯз кофист ва ҳамчунин бо арзи миллӣ – сомонӣ меъёрҳои фоизи фоиданок пешниҳод мегарданд.

Ҳадаф аз роҳандозии ин иқдоми ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ ба қишри аз нигоҳи иқтисодӣ нисбатан фаъоли аҳолии Тоҷикистон пешниҳод гардидани дастрасии устувор ва фаврӣ ба қарзҳо аст, ки онро метавонанд баҳри қонеъ сохтани эҳтиёҷоти истеъмолӣ ва тиҷоратӣ истифода кунанд. Омӯзгорон, хизматчиёни кироя, соҳибкорон ва дигар қишрҳои аҳолӣ мизоҷони имконпазири ин аксия шуда метавонанд.

Барои гирифтани қарз ба мизоҷ лозим аст, ки танҳо шиноснома ва РМА-ро пешниҳод намояд. Дар ҳамин ҳол, таъминоти гаравӣ дар доираи аксия талаб карда намешавад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумотнома дар бораи даромад, як кафил ё ба сифати гарав амволи манқул тақозо мешавад.

Қобили зикр аст, ки талабот ба чунин навъи қарз аз ҷониби аҳолӣ зиёд ба назар мерасад ва аз ин рӯ, барои қонеъ кардани ин хоҳиши мизоҷон ТҚХ ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ ин иқдомро амалӣ мекунад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.