Лукашенко сафири нави Беларус дар Тоҷикистонро таъин кард

Президенти Беларус Александр Лукашенко рӯзи 3 март Олег Николаевич Ивановро сафири Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон ва ҳамзамон дар Афғонистон таъин кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии президенти Беларус, зимни суҳбат бо сафири тозатаъин А.Лкашенко изҳор доштааст, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ҳеҷ мушкилоте вуҷуд надошта, Беларус дар ин кишвар мавқеъи шоиста ва бо раҳбарияти ҷумҳурӣ […]



Президенти Беларус Александр Лукашенко рӯзи 3 март Олег Николаевич Ивановро сафири Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон ва ҳамзамон дар Афғонистон таъин кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии президенти Беларус, зимни суҳбат бо сафири тозатаъин А.Лкашенко изҳор доштааст, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Беларус ҳеҷ мушкилоте вуҷуд надошта, Беларус дар ин кишвар мавқеъи шоиста ва бо раҳбарияти ҷумҳурӣ муносибатҳои хуб дорад.

«Онҳо ҳам бо мо хуб муносибат мекунанд. Бинобар ин, аз ин лиҳоз мо бо кишварҳое, ки бо онҳо ҳамсоя мебошанд, ҳамкорӣ карда метавонем», – гуфтааст сарвари давлати Беларус ва илова намудаат, ки боз густариши бештари ҳамкориҳо бо Тоҷикистон зарур аст.

Ба андешаи Александр Лукашенко, Афғонистон аз имконоти зиёд бархурдор буда, «дар ин кишвар мо метавонем пешниҳодҳои муфид ва судманд ба даст орем».

«Кишвари хеле бой аст, дар ҳоли рушд қарор дошта, сераҳолӣ ва аз нигоҳи стратегӣ минтақаи судманд буда, он канор гузошта намешавад. Аз ин рӯ, ба ин кишвар мебояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кард, албатта бо фаромӯш насохтани Тоҷикистон низ», – қайд кардааст президенти Беларус.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.