Вафо Ниятбеков роҳбари департаменти иттилооти ВКХ таъин шуд

Вафо Ниятбеков сардори нави Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Дар ин мансаб ӯ Абдулфайз Атоевро иваз намуд, ки охири соли гузашта мушовири сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон таъин гардид. Абдулфайз Атоев аз моҳи апрели соли 2013 то 1 декабри соли гузашта дар ин мансаб фаъолият […]



Вафо Ниятбеков сардори нави Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Дар ин мансаб ӯ Абдулфайз Атоевро иваз намуд, ки охири соли гузашта мушовири сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон таъин гардид. Абдулфайз Атоев аз моҳи апрели соли 2013 то 1 декабри соли гузашта дар ин мансаб фаъолият кард.

То таъин шудан ба ин мансаб Вафо Ниятбеков муовини сардори ин Раёсат буд. Қаблан ӯ ба ҳайси муовини сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ ва рушди иқтисоди хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ ифои вазифа кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.