Кумаки Ҷопон дар мубориза бо ҳуҷуми малах

ASIA-Plus



Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ситоди махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо малах таъсис дода шуда, имрӯз ҷаласаи нахусти ин ситод доир мегардад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, ситод бо дастури вазири кишоварзӣ «Дар бораи пешгирии паҳншавии малах ва ташкили муборизаи кимиёвӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2016» таъсис дода шудааст.

Дар мубориза бо ин навъи ҳашароти зараррасон ба киштукори деҳқонон имсол дар доираи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Беҳбуди мубориза бо малах дар Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар давраи солҳои 2016-201» Ҷопон ба Тоҷикистон кумак мекунад.

Ба иттилои манбаъ, соли 2015 бо мақсади саривақт пешгирии паҳншавии малах беш аз 88,3 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ мавриди коркарди кимиёвӣ қарор гирифтанд. Соли гузашта майдони паҳншавии ин ҳашарот беш аз 106,5 ҳазор гектарро фаро гирифта буд.

Қобили зикр аст, ки ҳуҷуми малахҳо ба заминҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамасола бештар дар минтақаи ҷануби кишвар – вилояти Хатлон ва ҳамчунин баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд ба мушоҳида мерасад.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...