Кумаки Ҷопон дар мубориза бо ҳуҷуми малах

Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ситоди махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо малах таъсис дода шуда, имрӯз ҷаласаи нахусти ин ситод доир мегардад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, ситод бо дастури вазири кишоварзӣ «Дар бораи пешгирии паҳншавии малах ва ташкили муборизаи кимиёвӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2016» таъсис дода шудааст. Дар мубориза бо ин навъи […]



Дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ситоди махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо малах таъсис дода шуда, имрӯз ҷаласаи нахусти ин ситод доир мегардад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, ситод бо дастури вазири кишоварзӣ «Дар бораи пешгирии паҳншавии малах ва ташкили муборизаи кимиёвӣ дар ҷумҳурӣ дар соли 2016» таъсис дода шудааст.

Дар мубориза бо ин навъи ҳашароти зараррасон ба киштукори деҳқонон имсол дар доираи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Беҳбуди мубориза бо малах дар Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар давраи солҳои 2016-201» Ҷопон ба Тоҷикистон кумак мекунад.

Ба иттилои манбаъ, соли 2015 бо мақсади саривақт пешгирии паҳншавии малах беш аз 88,3 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ мавриди коркарди кимиёвӣ қарор гирифтанд. Соли гузашта майдони паҳншавии ин ҳашарот беш аз 106,5 ҳазор гектарро фаро гирифта буд.

Қобили зикр аст, ки ҳуҷуми малахҳо ба заминҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамасола бештар дар минтақаи ҷануби кишвар – вилояти Хатлон ва ҳамчунин баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд ба мушоҳида мерасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.