Роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Того

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Қувайт 2 марти соли 2016 маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Того баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қувайт Зубайдулло Зубайдов ва аз […]



Дар Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Қувайт 2 марти соли 2016 маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Того баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қувайт Зубайдулло Зубайдов ва аз ҷониби Ҷумҳурии Того Сафири кишвари мазкур дар давлати Қувайт Муҳаммад Сад Оура-Сама ба имзо расониданд.

Қобили зикр аст, ки аввали солҳои 60-уми асри гузашта котиби аввали ояндаи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ба ҳайси сафири Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоғо ифои вазифа мекард.

Того кишварест дар ҷануби Африқои ғарбӣ, яке аз давлатҳои аҳолиаш сершумори Африқои Тропикӣ меошад. Шумори аҳолиаш 5,56 млн. нафар (соли 2004)-ро ташкил медиҳад. Того кишвари аграрӣ буда, иқтисодаш ба истихроҷ ва содироти фосфоритҳо асос ёфтааст. Яке аз кишварҳои аз ҳама камтар рушдёфтаи ҷаҳон шуморида шуда, 32%-и аҳолиаш дар қашшоқӣ умр ба сар мебаранд.

Забонҳои расмии давлат фаронсавӣ, кабе ва эве буда, динаш мазҳабҳои маъмулии африқоӣ, насронӣ ва ислом аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.