Президент Истиқлол номгузорӣ шудани Маркази нави тандурустиро пешниҳод кард

ASIA-Plus



Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як маҷмааи бузурги тандурустиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд.

Бино ба

иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат

, Эмомалӣ Раҳмон бунёду мавриди истифода қарор додани ин маркази бузургро туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ба кормандони соҳа дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва истиқбол аз 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, пешниҳод намуд, ки Маркази тандурустӣ ба номи Истиқлол гузошта шавад.

Гуфта мешавад, бо ифтитоҳи Маҷмааи нави тандурустии Истиқлол 3500 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта ин маркази замонавӣ барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба он шароити мусоид фароҳам меорад.

Зимни шиносоӣ бо шароити корӣ ва таҷҳизоти иншоот аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки марказ дорои 38 бинои аз 1 то 9 – ошёна буда, дар онҳо ҳамаи шароити зарурӣ барои қабул, муоинаю ташхис, табобат ва фароғату тавонбахшӣ муҳайё карда шудааст.

Дар марказ 620 номгӯи таҷҳизоти муосири ташхису табобатии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, Олмон, Финляндия ва Чехия дастрас ва насб шудааст.

Иншоот дар масоҳати умумии 105 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, арзиши умумии иншооти маҷмааи тандурустии Истиқлол беш аз 700 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ 500 миллион сомонӣ, харид, интиқол ва васлу насби таҷҳизоти тиббӣ 270 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ дар муассисаи мазкур 1000 ҳуҷраи тахассусӣ, 650 кати табобатӣ, (аз ҷумла 150 кати калонсолон, 182 кати ҷарроҳии кӯдакона, 213 кати соматикии кӯдакона, 100 кати таваллудхона), дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст, 47 шуъбаи маъмурӣ, ёрирасон, дармонгоҳӣ ва зиёда аз 50 шуъбаи бистарикунонӣ мавҷуд аст.

Дар пойгоҳи маҷмаа зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ бо иқтидори 15 нақлиёти соҳавӣ, аз ҷумла 3 бригадаи ёрии наҷотбахшӣ, 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ барои интиқоли кӯдакони навзод фаъолият менамояд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...