Дар Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Қувайт 2 марти соли 2016 маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Того баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қувайт Зубайдулло Зубайдов ва аз ҷониби Ҷумҳурии Того Сафири кишвари мазкур дар давлати Қувайт Муҳаммад Сад Оура-Сама ба имзо расониданд.
Қобили зикр аст, ки аввали солҳои 60-уми асри гузашта котиби аввали ояндаи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов ба ҳайси сафири Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоғо ифои вазифа мекард.
Того кишварест дар ҷануби Африқои ғарбӣ, яке аз давлатҳои аҳолиаш сершумори Африқои Тропикӣ меошад. Шумори аҳолиаш 5,56 млн. нафар (соли 2004)-ро ташкил медиҳад. Того кишвари аграрӣ буда, иқтисодаш ба истихроҷ ва содироти фосфоритҳо асос ёфтааст. Яке аз кишварҳои аз ҳама камтар рушдёфтаи ҷаҳон шуморида шуда, 32%-и аҳолиаш дар қашшоқӣ умр ба сар мебаранд.
Забонҳои расмии давлат фаронсавӣ, кабе ва эве буда, динаш мазҳабҳои маъмулии африқоӣ, насронӣ ва ислом аст.





