Вафо Ниятбеков сардори нави Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Дар ин мансаб ӯ Абдулфайз Атоевро иваз намуд, ки охири соли гузашта мушовири сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон таъин гардид. Абдулфайз Атоев аз моҳи апрели соли 2013 то 1 декабри соли гузашта дар ин мансаб фаъолият кард.
То таъин шудан ба ин мансаб Вафо Ниятбеков муовини сардори ин Раёсат буд. Қаблан ӯ ба ҳайси муовини сардори Раёсати сиёсати хориҷӣ ва рушди иқтисоди хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ ифои вазифа кардааст.





