Қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол» рӯзи 6 март ба Лубнон ворид шуд. Дар ин ҷо дар доираи мусобиқаи даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 рӯзи 8 март бо дастаи «Триполи» бозӣ мекунад.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони тоҷик ба Триполи бидуни ду бозигари асосиашон – ҳимоятгари марказӣ Давронҷон Эргашев ва нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев рафтаанд.
Ҳайати дастаи «Истиқлол» дар меҳмонхонаи «Quality inn» ҷойгир шуда, тамрини нахустини худро гузаронид. Ҳайати «Истиқлол» дар ин сафар аз 16 нафар иборат аст.
Бозии даври дуюми Ҷоми КФО-2016 дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои «Триполи»-и Лубнон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон 8 март соати 15-00 ба вақти маҳаллӣ (18-00 – ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи шаҳри Триполи доир мегардад.





