Медали тиллои паҳлавони навраси тоҷик дар Ҷоми Аврупо

Дастаи мунтахаби наврасони дзюдои Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони то 18-сола (солҳои таваллудашон 1999-2002), ки рӯзҳои 5-6-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, соҳиби як медали тилло гардид. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуштигири навраси тоҷик Ёқубҷон Назиров дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило баъди се пирӯзӣ […]



Дастаи мунтахаби наврасони дзюдои Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони то 18-сола (солҳои таваллудашон 1999-2002), ки рӯзҳои 5-6-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, соҳиби як медали тилло гардид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуштигири навраси тоҷик Ёқубҷон Назиров дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило баъди се пирӯзӣ бар Микеили Бекаури (Гурҷистон), Адилет Мараимов (Қирғизистон) ва Эрол Баркин (Туркия),  дар даври ниманиҳоӣ Нодар Бериашвилиро аз Гурҷистон шикаст дод. Ёқубҷон дар қувваозмоии ниҳоӣ Гоча Гвачлианиро аз Гурҷистон мағлуб кард ва барои ҷойи аввал бо медали тилло сарфароз гашт.

Ҷоми Аврупо барои гуштигирони навраси тоҷик аввалин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола маҳсуб мешуд. Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 10 варзишгар (9 писару як духтар) шомил буд.

Дар сабқати писарон Шамоили Ҷаҳонгир (73 кг), Шарифҷон Назриев (90 кг) ҷойҳои панҷум ва Каюмарс Норов (60 кг) ҷойи ҳафтумро соҳиб шуданд.

Дар сабқати духтарон ягона намояндаи Тоҷикистон Шоҳида Қаландарова дар вазни зери 57 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Эсра Фидокор (Туркия), дар даври баъдӣ бар Ллинка Моросану (Руминия) пирӯз шуд, вале дар мубориза барои ҷоизаҳои мусобиқот аз Николле Д Исанто (Италия) ва Этери Липартериани (Гурҷистон) мағлуб гашт ва дар натиҷа дар ҷойгоҳи панҷум қарор гирифт.

Дар Ҷоми Аврупо оид ба лзю байни наврасон (кадетҳо) дар Туркия 321 варзишгар (190 писар ва 131 духтар) аз 15 кишвар (12 кишвари Аврупо ва 3 кишвари Осиё) иштирок дошт.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Гурҷистон бо касби 24 медал (6 тилло, 6 нуқра ва 12 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Озарбойҷон (4-2-3) ҷойи дувум ва мунтахаби Туркия (2-3-13) ҷойи севумро гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тилло, се ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум дар байни 15 кишвар ҷойи 6-умро соҳиб шуд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар ин мусобиқа паҳлавонони навраси тоҷик ду медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Ёқубҷон Назиров дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило ҷойҳои севумро касб карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.