Таксии «се сомонигӣ» 3 толибаи мактабро пахш кард

Имрӯз дар маркази шаҳри Душанбе дар гузаргоҳи назди мактаби русиву тоҷикии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон автомашина 3 толибаи ин мактабро пахш намуд, ки дар натиҷа яке аз толибагон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки духтарон тахминан нимаи рӯз аз роҳ мегузаштаанд, […]



Имрӯз дар маркази шаҳри Душанбе дар гузаргоҳи назди мактаби русиву тоҷикии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон автомашина 3 толибаи ин мактабро пахш намуд, ки дар натиҷа яке аз толибагон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки духтарон тахминан нимаи рӯз аз роҳ мегузаштаанд, ки ин ҳангом автомашина онҳоро пахш кардааст. «Яке аз толибагон дарҳол ҳалок ва дуюмӣ айни замон дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ буда, духтари сеюмӣ ҳеҷ ҷароҳате набардоштааст ва худро хуб ҳис мекунад», – гуфтанд дар Раёсати БДА.

Ба гуфтаи манбаъ, ронандаи ба истилоҳ «таксии сесомонигӣ» баъди рух додани ҳодиса, автомашинаашро партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, вале дере нагузашта боздошт шудааст. Дигар ҷузъиёти ҳодиса ҳоло маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, шоҳидони садамаи нақлиёт дар шабакаи Facebook дар ин робита иттилоъ медиҳанд, ки толибагони осебдида хонандагони синифи 5-и мактаби таҳсилоти умумии русиву тоҷикии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон мебошанд.

Дар Фейсбук зикр мегардад, ки ронанда аз ҷойи ҳодиса гурехтааст, вале ронандагони дигар ӯро боздоштаанд. Ронандагони дигаре, ки аз назди ҷойи ҳодиса мегузашгтаанд, ду духтарчаи осебдидаро ба беморхонаи шаҳраки тиббӣ бурдаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.