Суди Эрон миллардер Бобаки Занҷонӣ ва ду нафар ҳаммаслаки ӯро ба иттиҳоми фасод дар замин ба қатл маҳкум кард. Дар ин бора бо истинод ба намояндаи суд Ғуломмуҳсин Эжеӣ Reuters хабар медиҳад.
«Нисбати Бобаки Занҷонӣ ва боз ду нафар айбдоршаванда дар парвандаи марбут ба нафт ҳукм содир шуд, суди зинаи аввал онҳоро дар ҷиноят алайҳи Худо ва давлат айбдор медонад», – овардааст гуфтаҳои Эжеиро РИА Новости.
Суд ҳамчунин қарор кардааст, ки воситаҳои дуздидашуда баргардонида шаванд, аз ҷумла ба Ширкати миллии нафти Эрон, вале маблағ мушаххас гуфта нашудааст.
Дар мусоҳиба ба яке аз нашрияҳои эронӣ Занҷонӣ иброз доштааст, ки дорои қариб 10 млрд. доллари ИМА аст, ки дар муомилоти нафтӣ бо Туркия, АМА ва Малайзия кор кардааст.
Занҷониро 30 декабри соли 2013 баъди даъвати 12 аъзои парлумон аз ҳукумат ҷиҳати тафтиши фаъолияти молиявии ӯ ба ҳабс гирифтанд. Занҷониро ба фасод гумонбар медонистанд.
Пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати Ширкати миллии нафтии Эрон, ба кишвар идомаи содироти нафт зарур буд. Ширкат ба Занҷонӣ дастур дод, ки нафти мутааллиқ ба ширкат ба маблағи ҳудуди 3 млрд. доллари ИМА-ро содирот намояд. Занҷонӣ ҳеҷ гуна кафолате пешниҳод накард, ки ин қонуншиканӣ маҳсуб меёбад.





