Таксии «се сомонигӣ» 3 толибаи мактабро пахш кард

ASIA-Plus



Имрӯз дар маркази шаҳри Душанбе дар гузаргоҳи назди мактаби русиву тоҷикии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон автомашина 3 толибаи ин мактабро пахш намуд, ки дар натиҷа яке аз толибагон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки духтарон тахминан нимаи рӯз аз роҳ мегузаштаанд, ки ин ҳангом автомашина онҳоро пахш кардааст. «Яке аз толибагон дарҳол ҳалок ва дуюмӣ айни замон дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ буда, духтари сеюмӣ ҳеҷ ҷароҳате набардоштааст ва худро хуб ҳис мекунад», – гуфтанд дар Раёсати БДА.

Ба гуфтаи манбаъ, ронандаи ба истилоҳ «таксии сесомонигӣ» баъди рух додани ҳодиса, автомашинаашро партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, вале дере нагузашта боздошт шудааст. Дигар ҷузъиёти ҳодиса ҳоло маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, шоҳидони садамаи нақлиёт дар шабакаи Facebook дар ин робита иттилоъ медиҳанд, ки толибагони осебдида хонандагони синифи 5-и мактаби таҳсилоти умумии русиву тоҷикии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон мебошанд.

Дар Фейсбук зикр мегардад, ки ронанда аз ҷойи ҳодиса гурехтааст, вале ронандагони дигар ӯро боздоштаанд. Ронандагони дигаре, ки аз назди ҷойи ҳодиса мегузашгтаанд, ду духтарчаи осебдидаро ба беморхонаи шаҳраки тиббӣ бурдаанд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...