Дар қитъаи дидбонгоҳи Ҳамадонии марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 9 март, тахминан соатҳои 23-30 муқовимати навбатии марзбонони тоҷик бо қочоқбарони мусаллахи афғон ба вуқӯъ пайваст.
Сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки марзшиканон иборат аз 6-7 нафар сокинони вулусволии Тахори Афғонистон ба талаботи сарҳадбонон оид ба супурдани силоҳ итоат накарда, сӯи онҳо ба тирпарронӣ оғоз намудаанд.
«Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобии марзбонон ду тан аз марзшиканон захмӣ шуда, як қочоқбар кушта ва боқимонда бо истифода аз торикии шаб ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурданд», – иброз дошт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷойи ҳодиса беш аз 50 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш ва 1 автомати Калашников бо тирҳояш дарёфт шудааст.





