Боздиди сафирони ИМА ва Арабистони Саудӣ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

ASIA-Plus



Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет И.Миллард диору гуфтушщшунид карда, зимни вохӯрӣ масоили таҳкими минбаъдаи рушди робитаҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, Рустам Назарзода ба сафири ИМА доир ба тадбирҳои ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рафъи оқибатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки соли 2015 рух дода буданд, маълумот дод.

Дар навбати худ сафири ИМА изҳор дошт, ки Вашингтон Тоҷикистонро дар масоили коҳиши хатарҳои офатҳои табиӣ ва ҳамчунин таҳкими имконоти ин ниҳод ҳамеша дастгирӣ хоҳад кард.

Рустам Назарзода ҳамчунин бо муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Ҳамза Ал-Ҳарбӣ низ вохӯрда, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои коҳиши хатарҳои офтаи табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ баррасӣ шуданд.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масоили роҳандозии ҳамкорӣ дар доираи як қатор барномаҳо ва фондҳои Арабистони Саудӣ, ки ба ҳалли ин мушкилот машғуланд, табодули назари судманд сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...