Имрӯз дар шаҳри Ҳисор бо ибтикори ҳукумати ноҳия бахшида ба ҷашни рӯзи матбуот чорабинӣ доир гардида, дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО-и ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, давлатӣ ва мустақилро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфт.
«Имрӯз мардум дар симои журналистон ҳимоягарони манфиатҳои худро мебинанд ва чӣ гуна қабул шудани он аз ҷониби мардум ба инъикоси воқеъбинонаи шумо вобаста аст», – иброз дошт раиси шаҳр.
Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки баҳри вусъати ҳамкорӣ бо ВАО ояндаи наздик назди ҳукумати шаҳр маркази матбуотӣ таъсис дода шуда, ба ифтихори 25-умин солгарди ҷашни истиқлолияти давлатӣ барои журналистон таҳти унвони «Қаламаи созанда» озмун гузаронида мешавад.
Дар навбати худ журналистон ба ҳукумат таъсиси радио ва телевизиони маҳаллӣ ва ҷоизаи ҳамасолаи ба номи Акбари Саттор барои журналистонро пешниҳод намуданд.
Қобили зикр аст, ки чунин вохӯрӣ бо рӯзноманигорони ҷумҳурӣ дар Ҳисор бори нахуст доир мегардад.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор идораи газетаи шаҳрии «Ҳисори Шодмон», маҷаллаҳои «Ҳисори зарнисор» ва «Маорифи Ҳисор», ҳамчунин 18 нафар намояндагони ВАО-и гуногуни давлатӣ ва мустақилро, ки зодаи Ҳисор буда, дар инъикоси мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҷамъиятии кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадронӣ кард.
Миёни рӯзноманигороне, ки ба ифтихорномаву туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд, хабарнигори ҳафтавори «Минбари халқ» – Алиҷон Ҷӯраев, директори радиои «Садои Душанбе» – Махфират Юсуфӣ, директори телевизиони СМТ – Ӯруни Назар, муҳаррири рӯзномаи «Имрӯз Нюс» – Назири Нусрат, наворбардори хадамоти иттилоотии телевизиони ВВС – Суҳроби Зиё, хабарнигори газетаи «Азия-Плюс» Манижа Қурбонова ҳузур доштанд.
Тибқи баъзе маълумот, имрӯз дар васоити ахбори умуми гуногуни ҷумҳурӣ беш аз 150 нафар журналистон – зодагони Ҳисор фаъолият мекунанд.



