Шикасти навбатии «Истиқлол» дар Ҷоми КФО

Дар вохӯрии даври сеюми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015  қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол» дар бозӣ бо тими «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ ба шикаст дучор шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», дар вохӯрие, ки дар майдони варзишии шаҳри Теҳрон доир гардид, футболбозони тоҷик бозиро бо ҳисоби 0 бар 2 бохтанд. Ин […]

ASIA-Plus



Дар вохӯрии даври сеюми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015  қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол» дар бозӣ бо тими «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ ба шикаст дучор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», дар вохӯрие, ки дар майдони варзишии шаҳри Теҳрон доир гардид, футболбозони тоҷик бозиро бо ҳисоби 0 бар 2 бохтанд. Ин бохти дуюми пайдарпайи даста мебошад.

Вохӯрии дастаҳои дигари гурӯҳи «В» миёни тимҳои «Триполи» (Лубнон) ва «Ал-Файсалӣ» (Урдун) мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «В» пас аз се давр дастаи «Истиқлол» бо касби 1 имтиёз зинаи охирини ҷадвалро ишғол мекунад. Дар ин гурӯҳ бо 6 имтиёз дастаи «Нафит Ал-Васат» пешсаф буда, зинаи дуюмро бо 5 имтиёз «Ал-Файсалӣ»  ва мақоми сеюмро бо 4 имтиёз тими «Триполи» касб кардаанд.


Тақвими бозиҳои боқимонда:


Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«ИСТИҚЛОЛ»  –   «Нафит Ал-Васат»

«Аль-Файсалӣ  –  «Триполи»


Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ»  – «ИСТИҚЛОЛ»

«Триполи»   – «Нафит Ал-Васат»


Даври 6-ум

10 мая (сешанбе)

«ИСТИҚЛОЛ»  –  «Триполи»

«Нафит Ал-Васат»  –  «Аль-Файсалӣ»

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.