Сардорони шуъбаи милитсияи 11 шаҳру навоҳӣ иваз шуданд

Тибқи мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 15 март сардорони нави 11 Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таъин шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шахсони зерин сардорони нави шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳо таъин карда шуданд: полковники милитсия Дадобойзода Ҳотамҷон Пулодӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд; […]

ASIA-Plus



Тибқи мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 15 март сардорони нави 11 Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таъин шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шахсони зерин сардорони нави шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳо таъин карда шуданд:

полковники милитсия Дадобойзода Ҳотамҷон Пулодӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд;

– полковники милитсия Раҷабзода Ҳасан Ҷамил ба вазифаи сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;

– полковники милитсия Раҷабзода Нуралӣ Раҷаб ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон;

– подполковники милитсия Ҷаъфарзода Хайриддин Ҳайдар  ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон;

– майори милитсия Давлатзода Шафкат ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон;

– полковники милитсия Мирзозода Хуршед Мирзоамин ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Гулистони вилояти Суғд;

– полковники милитсия Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул ба вазифаи сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;

– полковники милитсия Маҳмадҷонзода Сайдаҳмад Одинааҳмад ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ;

– полковники милитсия Раҳмонзода Абдураҳмон Дуст ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Дарвози ВМКБ;

– полковники милитсия Ашурзода Абдуҷалил Халил ба вазифаи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ;

– полковники милитсия Саидов Раҳматулло Аҳмадович сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда, онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиро дар мадди аввал гузошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.