Конфронси «Саҳми сарзамини Варорӯд дар ғанисозии тамаддуни исломӣ» дар Миср

Иттилоияи расмӣ



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Искандарияи Миср дуюмин Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Саҳми сарзамини Варорӯд дар ғанисозии тамаддуни исломӣ” баргузор шуд.

Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Миср иттилоъ доданд, созмондиҳандагони конфронси мазкур Донишкадаи одоби Водии Ҷадид, Донишгоҳи Асют ва Китобхонаи Искандария буда, дар он донишмандону пажӯҳишгарони мисриву хориҷӣ ва дипломатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок карданд.

Дар суханронии сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ, ки аз шодбоши наврӯзӣ оғоз ёфт, таъкид шуд, ки тоҷикон ворисони аслии мероси фарҳангии Мовароуннаҳр буда, саҳми ниёкони мо дар ғанисозии он тамаддун беназир аст.

Бо ишора ба ҷойгоҳи муҳимми фарҳангӣ ва илмии Миср дар ҷаҳони араб ва минтақа, сафири Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки конфронс ба барқарорсозӣ ва густариши ҳамкории самарбахш байни конунҳои илмии ду кишвар ҷиҳати пажӯҳиши якҷояи осори муштараки фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...