Мизи мудаввари минтақавӣ таҳти унвони «Соҳибкорзанони Осиёи Марказӣ. Таҷриба, хавфҳо ва дурнамои рушд» имрӯз, 7 апрел дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард.
Дар ин чорабинӣ беш аз 60 нафар пешвозанон, намояндагони парлумон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ташкилоҳои ғайриҳукуматӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон ширкат меварзанд.
Мизи гирд аз ҷониби лоиҳаи USAID оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо дастгирии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ созмон дода шудааст.
Иштирокдорони чорабинӣ масоили дастгирии соҳибкорӣ миёни занон, нақши иттиҳодияҳои тиҷоратӣ дар густариши ҳамкорӣ байни соҳибкорзанонро баррасӣ намуда, доир ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеъаи имконот барои тақвияти соҳибкорӣ миёни занон дар минтақа тавсия ва пешниҳодҳо таҳия карданд.
Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби кори мизи гирд ярмарка-намоишгоҳи маҳсулоти соҳибкорзанон баргузор шуд.





