Вохӯрии раиси Маҷлиси миллӣ бо сафири ИМА

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз 7 апрели соли 2016 чафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Инга Миллардро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Тавре аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози вохӯрӣ раиси Маҷлиси миллӣ бо қаноатмандӣ аз раванди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва судманди дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА ёдовар шуда, […]

Иттилоияи расмӣ



Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз 7 апрели соли 2016 чафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Инга Миллардро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози вохӯрӣ раиси Маҷлиси миллӣ бо қаноатмандӣ аз раванди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва судманди дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА ёдовар шуда, онҳоро  мувофиқ ба талаботи тарафҳо дар соҳаҳои мухталиф, алалхусус байнипарламентӣ арзёбӣ кард. Зикр шуд, ки иқдомоти гуногун дар доираи ин раванд тибқи талаботи мавҷуда ва дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуда,  ҳамкориҳо бемайлон рушд ёфта истодаанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев минҷумла зикр кард, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳо бо соири кишварҳои олам, аз ҷумла ИМА ҳавасманд буда,  барои густариш пайдо намуданашон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда истодааст.

– Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти муҳимияти масъалаи  мавриди назар сиёсати дарҳои кушодро  самти афзалиятнок эътироф ва интихоб намуда, дар ин ҷода собитқадаманд,- афзуд раиси Маҷлиси миллӣ.

Дар идома Маҳмадсаид Убайдуллоев аз иқдомоти ИМА  ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ёдовар шуда, гуфт, ки сулҳу субот ва фазои амни ин ҳамсоякишвар барои мо хеле муҳим аст.

Ҳамрадиф бо масъалаҳои дигар, зарурати тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун омили мусоидаткунанда баҳри тавсеа ва таҳкими равобити ҳасана махсус таъкид гардид. 

Маҳмадсаид Убайдуллоев таъсиси Гурўҳи дўстии байнипарлумонӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ва Конгресси ИМА-ро муҳиму саривақтӣ ва тақозои замон арзёбӣ карда, хостори мусоидат намудан ба амалишавии ин иқдом гардид.

Дар навбати худ,  хонум Элизабет Инга Миллард ба Маҳмадсаид Убайдуллоев барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, аз сафари нахустинаш, ки соли 2006 сурат гирифта буд, ёдовар шуд. Номбурда ба раванди фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва бунёдкориҳо дар шаҳри Душанбе мароқ зоҳир намуд.

Вобаста ба пешниҳодоти дар раванди вохурӣ аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев ироагардида сафир гуфт, ки ҷиҳати татбиқи онҳо дар доираи ваколатҳои хеш мусоидат хоҳад кард. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.