Ҳамоиши беш аз 60 пешвозанони Осиёи Марказӣ дар Душанбе

Мизи мудаввари минтақавӣ таҳти унвони «Соҳибкорзанони Осиёи Марказӣ. Таҷриба, хавфҳо ва дурнамои рушд» имрӯз, 7 апрел дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард. Дар ин чорабинӣ беш аз 60 нафар пешвозанон, намояндагони парлумон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ташкилоҳои ғайриҳукуматӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон ширкат меварзанд. Мизи гирд аз ҷониби лоиҳаи USAID […]

ASIA-Plus



Мизи мудаввари минтақавӣ таҳти унвони «Соҳибкорзанони Осиёи Марказӣ. Таҷриба, хавфҳо ва дурнамои рушд» имрӯз, 7 апрел дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард.

Дар ин чорабинӣ беш аз 60 нафар пешвозанон, намояндагони парлумон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ташкилоҳои ғайриҳукуматӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон ширкат меварзанд.

Мизи гирд аз ҷониби лоиҳаи USAID оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо дастгирии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ созмон дода шудааст.

Иштирокдорони чорабинӣ масоили дастгирии соҳибкорӣ миёни занон, нақши иттиҳодияҳои тиҷоратӣ дар густариши ҳамкорӣ байни соҳибкорзанонро баррасӣ намуда, доир ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеъаи имконот барои тақвияти соҳибкорӣ миёни занон дар минтақа тавсия ва пешниҳодҳо таҳия карданд.

Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби кори мизи гирд ярмарка-намоишгоҳи маҳсулоти соҳибкорзанон баргузор шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.