Отунбоева: Э.Раҳмон аз суҳбат оид ба мушкилоти марзӣ канор мерафт

ASIA-Plus



Собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоева изҳор доштааст, ки сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаллу фасли мушкилоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон худро канор мегирифт.

«Замони президентиам Эмомалӣ Раҳмонро сари мизи гуфтушунид даъват карда, аз мушкилот пурсон ва ҳалли онро пешниҳод мекардам, вале ӯ бо ҳар роҳ худро аз ин канор гирифта, суҳбатро ба самти дигар мебурд», – иброз доштааст Отунбоева дар мусоҳиба ба радиои

«Азаттык»

(хадамоти қирғизии Радиои Озодӣ).

«Бо президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов мутаассифона, муколама умуман сурат намегирифт», – қайд кардааст ӯ.

Ӯ ба душвории ҳаллу фасли ин масоил бо сарони ду кишвари ҳамсоя ишора кардааст. «Бархе мегӯянд, президенти дигар метавонист бо Каримов вохӯрда, ба созиш ояд, Атамбоев гӯё ба ин қодир нест. Бале, хуб мебуд агар ҳалли масъалаҳо бо онҳо имкон медошт, вале аз ин чизе ҳосил намешавад. Дар ҳама гуна ҳолат чунин масъалаҳоро бояд ботаҳаммул ва ҳамзамон бидуни таъхиру таваққуф ҳал намуд», – таъкид доштааст ӯ.

Ба қавли собиқ президенти кишвари ҳамсоя, дар саросари ҷаҳон ҳудуди 200 кишвар арзи ҳастӣ дошта, қариб нисфи онҳо ҳамин гуна мушкилоти марбут бо марзҳо ё қаламрави дохилиро доранд.

«Масалан, вақте мо аз Чин хотиррас мешавем, танҳо чизи хуб мегӯем, гӯё он ба мо қарзҳо медиҳад. Дар асл бошад, Чин бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ – Ҷопон, Ветнам, Филиппин ва ғайра қариб дар ҳолати ҷангӣ қарор дорад», – қайд кардааст ӯ.

Отунбоева бар ин назар аст, ки аллакай муддати 25 сол аст, ки мушкилоти аз Иттиҳоди Шӯравӣ меросмонда ҳал намешаванд. «Бале, дар ин робита мо дар бунбаст қарор гирифта, ба душвориҳо дучор ва бо сарони кишварҳои ҳамсоя забон ёфта наметавонем. Лекин ин масъаларо танҳо бо иштироки ду ҷониб ҳал кардан имконпазир аст», – афзудааст собиқ президенти Қирғизистон.

Қобили зикр аст, ки миёни Қирғизистону Тоҷикистон масоили марбут ба мушкилоти марз то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонанд. Дар қитъаҳои то ҳол баҳсноки марзи давлатии ин кишварҳо муноқишаҳо рух медиҳанд, ки талафоти ҷониро ҳам ба бор меоранд. 

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...