Отунбоева: Э.Раҳмон аз суҳбат оид ба мушкилоти марзӣ канор мерафт

Собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоева изҳор доштааст, ки сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаллу фасли мушкилоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон худро канор мегирифт. «Замони президентиам Эмомалӣ Раҳмонро сари мизи гуфтушунид даъват карда, аз мушкилот пурсон ва ҳалли онро пешниҳод мекардам, вале ӯ бо ҳар роҳ худро аз ин канор гирифта, суҳбатро ба самти дигар мебурд», […]

ASIA-Plus



Собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоева изҳор доштааст, ки сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаллу фасли мушкилоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон худро канор мегирифт.

«Замони президентиам Эмомалӣ Раҳмонро сари мизи гуфтушунид даъват карда, аз мушкилот пурсон ва ҳалли онро пешниҳод мекардам, вале ӯ бо ҳар роҳ худро аз ин канор гирифта, суҳбатро ба самти дигар мебурд», – иброз доштааст Отунбоева дар мусоҳиба ба радиои

«Азаттык»

(хадамоти қирғизии Радиои Озодӣ).

«Бо президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов мутаассифона, муколама умуман сурат намегирифт», – қайд кардааст ӯ.

Ӯ ба душвории ҳаллу фасли ин масоил бо сарони ду кишвари ҳамсоя ишора кардааст. «Бархе мегӯянд, президенти дигар метавонист бо Каримов вохӯрда, ба созиш ояд, Атамбоев гӯё ба ин қодир нест. Бале, хуб мебуд агар ҳалли масъалаҳо бо онҳо имкон медошт, вале аз ин чизе ҳосил намешавад. Дар ҳама гуна ҳолат чунин масъалаҳоро бояд ботаҳаммул ва ҳамзамон бидуни таъхиру таваққуф ҳал намуд», – таъкид доштааст ӯ.

Ба қавли собиқ президенти кишвари ҳамсоя, дар саросари ҷаҳон ҳудуди 200 кишвар арзи ҳастӣ дошта, қариб нисфи онҳо ҳамин гуна мушкилоти марбут бо марзҳо ё қаламрави дохилиро доранд.

«Масалан, вақте мо аз Чин хотиррас мешавем, танҳо чизи хуб мегӯем, гӯё он ба мо қарзҳо медиҳад. Дар асл бошад, Чин бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ – Ҷопон, Ветнам, Филиппин ва ғайра қариб дар ҳолати ҷангӣ қарор дорад», – қайд кардааст ӯ.

Отунбоева бар ин назар аст, ки аллакай муддати 25 сол аст, ки мушкилоти аз Иттиҳоди Шӯравӣ меросмонда ҳал намешаванд. «Бале, дар ин робита мо дар бунбаст қарор гирифта, ба душвориҳо дучор ва бо сарони кишварҳои ҳамсоя забон ёфта наметавонем. Лекин ин масъаларо танҳо бо иштироки ду ҷониб ҳал кардан имконпазир аст», – афзудааст собиқ президенти Қирғизистон.

Қобили зикр аст, ки миёни Қирғизистону Тоҷикистон масоили марбут ба мушкилоти марз то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонанд. Дар қитъаҳои то ҳол баҳсноки марзи давлатии ин кишварҳо муноқишаҳо рух медиҳанд, ки талафоти ҷониро ҳам ба бор меоранд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.