«Озодӣ»: Толибон аз наздикии марзи Тоҷикистон дур шудаанд

Ахиран даргириҳои мусаллаҳонаи нерӯҳои афғон бо гурӯҳҳои тундгаро аз марзҳои Тоҷикистон дур шудааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, марзбонони тоҷик ва сокинони маҳалҳои наздик ба сарҳади Афғонистон гуфтаанд, ки ду моҳ боз дигар садои тирпарронӣ аз даргириҳои он тарафи марз ба гӯш намерасад. Аммо, ба қавли мақомот ва коршиносон, вазъи Афғонистон пешгӯиношаванда ҳаст ва дур […]

Радиои Озодӣ



Ахиран даргириҳои мусаллаҳонаи нерӯҳои афғон бо гурӯҳҳои тундгаро аз марзҳои Тоҷикистон дур шудааст.

Бино ба

иттилои

Радиои Озодӣ, марзбонони тоҷик ва сокинони маҳалҳои наздик ба сарҳади Афғонистон гуфтаанд, ки ду моҳ боз дигар садои тирпарронӣ аз даргириҳои он тарафи марз ба гӯш намерасад. Аммо, ба қавли мақомот ва коршиносон, вазъи Афғонистон пешгӯиношаванда ҳаст ва дур шудани даргириҳо аз марзи Тоҷикистон маънои бартараф шудани таҳдидҳои амниятиро надорад.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 6 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтааст, воқеан дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оромиҳои нисбӣ ба назар мерасад ва аз ин самт чун моҳҳои қабл дигар садои тирпарронӣ ба гӯш намерасад. Аммо ба гуфтаи ӯ, ба гӯш расидан ва ё нарасидани садои тирпарронӣ ҳеч таъсир ба реҷаи кори марзбонони тоҷик надорад.

Ӯ иброз доштааст, ки «марзбонони тоҷик чун пештара вазифаи худро содиқона иҷро мекунанд. Аз оромиҳои нисбӣ дар кишвари ҳамсоя ҳеч тағйир дар кори марзбонон ба амал наомадааст».

Гуфта мешавад, дур шудани даргириҳо аз марзи Тоҷикистон дар ҳолест, ки тирамоҳи соли гузашта задухӯрдҳо то 10 километри марзи Тоҷикистон наздик шуда буд. Ҳатто ду гулӯлаи нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ҳангоми даргириҳо ба хоки Тоҷикистон афтоданд, ки ин кишвар аз ҳамсояи худ узр пурсида буд. Сокинони навоҳии наздисарҳадӣ, мисли Фархор ва Панҷ борҳо ба Озодӣ аз тирпаррониҳои шадид ва зимни он, зоҳиран истифодаи силоҳҳои вазнин, ки бар асари он хонаи сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон меларзид, хабар дода буданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомҳои афғон низ тасдиқ кардаанд, ки гурӯҳҳои тундгаро заиф ва аз наздикиҳои марзи Тоҷикистон ба дур андохта шудаанд. Дар як ҳафтаи охир низ ду фармондеҳии маҳаллии Толибон дар вилояти Кундуз кушта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.