«Озодӣ»: Толибон аз наздикии марзи Тоҷикистон дур шудаанд

Радиои Озодӣ



Ахиран даргириҳои мусаллаҳонаи нерӯҳои афғон бо гурӯҳҳои тундгаро аз марзҳои Тоҷикистон дур шудааст.

Бино ба

иттилои

Радиои Озодӣ, марзбонони тоҷик ва сокинони маҳалҳои наздик ба сарҳади Афғонистон гуфтаанд, ки ду моҳ боз дигар садои тирпарронӣ аз даргириҳои он тарафи марз ба гӯш намерасад. Аммо, ба қавли мақомот ва коршиносон, вазъи Афғонистон пешгӯиношаванда ҳаст ва дур шудани даргириҳо аз марзи Тоҷикистон маънои бартараф шудани таҳдидҳои амниятиро надорад.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 6 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтааст, воқеан дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оромиҳои нисбӣ ба назар мерасад ва аз ин самт чун моҳҳои қабл дигар садои тирпарронӣ ба гӯш намерасад. Аммо ба гуфтаи ӯ, ба гӯш расидан ва ё нарасидани садои тирпарронӣ ҳеч таъсир ба реҷаи кори марзбонони тоҷик надорад.

Ӯ иброз доштааст, ки «марзбонони тоҷик чун пештара вазифаи худро содиқона иҷро мекунанд. Аз оромиҳои нисбӣ дар кишвари ҳамсоя ҳеч тағйир дар кори марзбонон ба амал наомадааст».

Гуфта мешавад, дур шудани даргириҳо аз марзи Тоҷикистон дар ҳолест, ки тирамоҳи соли гузашта задухӯрдҳо то 10 километри марзи Тоҷикистон наздик шуда буд. Ҳатто ду гулӯлаи нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ҳангоми даргириҳо ба хоки Тоҷикистон афтоданд, ки ин кишвар аз ҳамсояи худ узр пурсида буд. Сокинони навоҳии наздисарҳадӣ, мисли Фархор ва Панҷ борҳо ба Озодӣ аз тирпаррониҳои шадид ва зимни он, зоҳиран истифодаи силоҳҳои вазнин, ки бар асари он хонаи сокинони деҳоти наздимарзии Тоҷикистон меларзид, хабар дода буданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомҳои афғон низ тасдиқ кардаанд, ки гурӯҳҳои тундгаро заиф ва аз наздикиҳои марзи Тоҷикистон ба дур андохта шудаанд. Дар як ҳафтаи охир низ ду фармондеҳии маҳаллии Толибон дар вилояти Кундуз кушта шуд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...