Дар
рейтинги нави ФИФА
(Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол), ки дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон 14 зина поин рафта, ҳамроҳ бо Малта зинаи 164-умро ишғол мекунад.
Ҳамин тариқ, мунтахаби футболи Тоҷикистон тадриҷан ба рекорди пасттарини худ дар рейтинги ФИФА, ки соли 2002-юм (зинаи 168-ум) сабт шуда буд, наздик мешавад.
Дар ин рейтинг миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мунтахаби футболи Тоҷикистон мақоми охир – зинаи 15-ум ва дар байни 46 дастаи Конфедератсияи футболи Осиё мақоми 29-умро касб кардааст.
Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон – дар зинаи 68-ум, Қирғизистон – 100-ум (рекордӣ барои ин кишвар), Қазоқистон – 116-ум ва Туркманистон – дар мақоми 128-ум қарор гирифтаанд.
Зинаи аввали рейтингро мунтахаби Аргентина ишғол намуда, ба даҳгонаи беҳхтарини мунтахабҳои футболи ҷаҳон Белгия, Чили, Колумбия, Олмон, Испания, Бразилия, Португалия, Уругвай ва Англия шомиланд.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.





