Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода 7 апрели соли соли 2016 нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини Сардори Раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Жанг Йиминг расман супорид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мутақобила сурат гирифт, Тарафҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои байнидавлатӣ баҳои баланд дода, қайд карданд, ки минбаъд низ барои таҳкими сатҳи муносибатҳои дӯстона ва стратегии Тоҷикистону Чин иқдом хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, Жанг Йиминг Сафирро бинобар ба ин вазифа таъин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати амалигардонии фаъолияти дипломатӣ комёбиҳо таманно намуд.





