Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон марди 57-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2016, тахминан соатҳои 18:00-дақиқа, чанд нафар шахсони номаълум, ки бо худ силоҳи оташфишон доштаанд, бо автомашинаи тамғаи “Ранҷровер”, ба манзили истиқоматии ӯ омада, бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбати писараш, марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки гӯё аз онҳо 6 ҳазор сомонӣ қарздор будааст, 2 ҳазору 800 сомонӣ гирифта аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ду нафар марди 34-сола, яке сокини ноҳияи Хуросон ва дигарӣ сокини ноҳияи Ёвон ва марди 29-сола, 30-сола ва 42-солаи сокинони ноҳияи Ёвонро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд.
Гуфта мешавад, далели шайъӣ 2 ҳазору 800-сомонӣ ва 1-адад тапончаи “Пневматикӣ” аз онҳо мусодира гардида, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.





