Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳодисаи сӯхтори шадид дар яке аз ибодатгоҳҳои Ҳиндустон ба сарвазири ин кишвар Нарендра Модӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «хабари нохуши ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани садҳо шаҳрвандони Ҳиндустони дӯстро бар асари сӯхтори шадид дар яке аз ибодатгоҳҳои аёлати Керала дар Ҷанубу ғарби кишвар бо андӯҳи бузург дарёфтам».
«Дар робита ба ин фоҷеаи вазнин ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем», – изҳори ҳамдардӣ мешавад дар барқия.
Қобили зикр аст, ки бар асари сӯхтори рӯзи 10 апрел дар ин ибодатгоҳ беш аз 100 нафар ҳалок ва боз 350 тани дигар ҷароҳат бардошта, шумори осебдидагон дар ҳоли афзоиш аст. Бинои ибодатгоҳ пурра хароб шудааст.





