Таваҷчуҳи ширкатҳои Русия ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон



Беш аз 200 ширкати саноати хӯрокворӣ ва савдои яклухту чаканаи Русия ба имзои қарордодҳои мустақим бо корхонаҳои Тоҷикистон омодагӣ изҳор намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), раиси Палата Шариф Саид дар ин робита гуфтааст, айни замон ҷиҳати интиқоли мустақими маҳсулот ба Русия бо соҳибкорони минтақаҳои Русия гуфтушунидҳо ҷараён доранд. «Дар аксари боғу токзорҳои Тоҷикистон маҳсулоти содиротие парвариш карда мешаванд, ки дар хориҷи кишвар талабгорони зиёд доранд», – иброз доштааст ӯ.

Шариф Саид қайд кардааст, ки аз ҳисоби ҷалби фермерони хусусӣ, Тоҷикистон содироти сабзавоту мева танҳо ба Русияро панҷ маротиба зиёд карда метавонад. «Барои афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти сабзавоту мева заминаи зарарӣ мавҷуд аст», – таъкид доштааст раиси ПСС Тоҷикистон.

Ба гуфтаи раиси Палата, ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Русия имконоти хеле густурда ва сатҳи баландро касб кардаанд. «Айни замон 75 субъекти Русия дар ҳамкории мустақими тиҷоративу иқтисодӣ бо Тоҷикистон саҳм дошта, дар ин самт созишномаҳои дахлдор ба имзо расонидаанд», – қайд кардааст Ш.Саид.

spot_imgspot_img

Популярное