То охири соли равон дар Тоҷикистон бо харҷи 1 млрд. 560 млн. доллари ИМА воситаҳои буҷетӣ ва сармоягузорӣ 6 корхонаи саноатии бузург мавриди истифода қарор мегиранд.
Зимни суханронӣ назди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи авмоли давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки дар корхонаҳои нави саноатӣ ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров аз раиси Кумита дархост кард, ки алҳол аз зикри номи корхонаҳо худдорӣ кунад ва дар ҳамин ҳол, қайд кард, ки аз рӯи ин масъала музокироти парлумонӣ даъват мешавад.
Ба гуфтаи Қодири Қосим, соли гузашта ба иқтисоди кишвар беш аз 977,8 млн. доллари ИМА (нисбат ба соли 2014 – 93,5 млн. доллари ИМА ё худ 24,8% зиёдтар) сармоягузориҳо ҷалб шудаанд, ки 470 млн. доллари онро сармоягузориҳои мустақим ва боқимондаро воситаҳои аз ҷониби корхонаву идораҳои давлатӣ ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳо ташкил додаанд.
Зимнан зикр гардид, ки воситаҳои тариқи сармоягузориҳо ҷалбшуда бахшҳои гуногуни иқтисоду хоҷагидорӣ, аз ҷумла истихроҷи канланиҳои фоиданок, коркарди сабзавоту мева, соҳаи сохтмон ва ҳамчунин маорифро дар бар мегиранд.



