Бунёди 6 корхонаи бузурги саноатӣ дар Тоҷикистон бо харҷи беш аз 1,5 млрд. $ то охири сол

То охири соли равон дар Тоҷикистон бо харҷи 1 млрд. 560 млн. доллари ИМА воситаҳои буҷетӣ ва сармоягузорӣ 6 корхонаи саноатии бузург мавриди истифода қарор мегиранд. Зимни суханронӣ назди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи авмоли давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки дар корхонаҳои […]

ASIA-Plus



То охири соли равон дар Тоҷикистон бо харҷи 1 млрд. 560 млн. доллари ИМА воситаҳои буҷетӣ ва сармоягузорӣ 6 корхонаи саноатии бузург мавриди истифода қарор мегиранд.

Зимни суханронӣ назди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи авмоли давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки дар корхонаҳои нави саноатӣ ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров аз раиси Кумита дархост кард, ки алҳол аз зикри номи корхонаҳо худдорӣ кунад ва дар ҳамин ҳол, қайд кард, ки аз рӯи ин масъала музокироти парлумонӣ даъват мешавад.

Ба гуфтаи Қодири Қосим, соли гузашта ба иқтисоди кишвар беш аз 977,8 млн. доллари ИМА (нисбат ба соли 2014 – 93,5 млн. доллари ИМА ё худ 24,8% зиёдтар) сармоягузориҳо ҷалб шудаанд, ки 470 млн. доллари онро сармоягузориҳои мустақим ва боқимондаро воситаҳои аз ҷониби корхонаву идораҳои давлатӣ ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳо ташкил додаанд.

Зимнан зикр гардид, ки воситаҳои тариқи сармоягузориҳо ҷалбшуда бахшҳои гуногуни иқтисоду хоҷагидорӣ, аз ҷумла истихроҷи канланиҳои фоиданок, коркарди сабзавоту мева, соҳаи сохтмон ва ҳамчунин маорифро дар бар мегиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.