Олмон ба сохтмони МБГ ва таҷдиди кони Шӯроб 400 млн. $ маблағгузорӣ карданист

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз Шартномаи консессияи Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и «Шӯроб» миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Hos Powertech International SDN BND»-ро, ки моҳи феврали соли равон ба имзо расида буд, тасдиқ намуд. Зимни суханронӣ назди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи авмоли давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим дар мавриди […]

ASIA-Plus



Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз Шартномаи консессияи Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и «Шӯроб» миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Hos Powertech International SDN BND»-ро, ки моҳи феврали соли равон ба имзо расида буд, тасдиқ намуд.

Зимни суханронӣ назди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи авмоли давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки тибқи шартнома ширкати олмонии «Фихнер» давоми як сол арзёбии фанниву иқтисодии ду лоиҳа – сохтмони МБГ «Шӯроб» ва таъмиру азнавсозии кони ангишти «Шӯроб» дар Исфараро анҷом медиҳад.

«Пас аз мувофиқасозии натиҷаҳои ин арзёбиҳо ширкати «Hos Powertech International SDN BND» ба сохтмони Маркази барқу гармидиҳии дар боло зикршуда бо иқтидори 300 мегаватт ва корҳои таъмиру азнавсозии ҶС «Шӯроб», ки ба истихроҷи ангишт машғул аст, шурӯъ мекунад», – қайд кард Қ.Қосим.

Зимнан зикр гардид, ки барои амалисозии танҳо марҳилаи аввали лоиҳаҳои дар боло зикршуда ширкати олмонӣ 400 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карданист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.